АНОНС
– Идомаи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Маскав. Дирӯз ӯ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтушунид кард.
– Имрӯз дар галеряи ZERO LINE-и Тошканд шоми эҷодии рӯзноманигору рассом ва муҳаққиқ аз Тоҷикистон Лоласанам Улуғова доир мегардад, ки дар он расмҳои ӯ намоиш дода мешавад. Нархи даромадан ба шоми эҷодӣ 30.000 сӯм. Телефон барои бақайдгирӣ: +99871 2375455.
– Дар доираи мусобиқаи даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳои УЭФА бозиҳои зерин баргузор мешаванд: "Челси" (Англия) – "Бавария" (Олмон) ва "Наполи"(Италия) – "Барселона" (Испания). Бозиҳо тариқи шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”-и Тоҷикистон намоиш дода мешаванд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6949 сомонӣ;
1 евро – 10.4928 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1480 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1932 – Анҷумани I-уми иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
1947 – Таъсиси техникуми тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон.
1932 – Зодрӯзи доктори улуми филология Бозор Тилавов.
1952 – Мавлуди журналист Исматулло Ибодов.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
Имрӯз Иди миллии давлати Кувайт ҷашн гирифта мешавад.
64 сол пеш дар ҷаласаи пӯшидаи анҷумани XX Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) Хрушёв бо айбномаҳо зидди Сталин маърӯза кард. Ин анҷуманро лаҳзаи хотима бахшидан ба даврони сталинӣ меҳисобанд.
184 сол пеш Сэмюэл Колт барои револвер (таппончаи)-и автоматӣ патент гирифт, ки нахуст “Патерсон” ва сипас” Техас” ном гирифт.
ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 12-17 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 17-22° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 9+14° гарм мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), шабона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво 20-25° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона барфи суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 19+21° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


