Тарроҳони тоҷик бори нахуст дар Burana Fashion week иштирок карданд

Аз 21 то 23 феврал дар Бишкек Ҳафтаи мӯди Burana Fashion week-2020 доир гардид. Тоҷикистонро ду тарроҳ (дизайнер)-и навкор муаррифӣ карданд. Ин ҳафтаи ягона ва расмии мӯд дар Қирғизистон мебошад. Tajikistan Fashion Week шарики Burana Fashion week аст, лекин дар ин чорабинӣ тарроҳон аз Тоҷикистон бори нахуст ширкат меварзанд. Муассис ва сарвари кулли Tajikistan Fashion Week […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Аз 21 то 23 феврал дар Бишкек Ҳафтаи мӯди Burana Fashion week-2020 доир гардид. Тоҷикистонро ду тарроҳ (дизайнер)-и навкор муаррифӣ карданд. Ин ҳафтаи ягона ва расмии мӯд дар Қирғизистон мебошад. Tajikistan Fashion Week шарики Burana Fashion week аст, лекин дар ин чорабинӣ тарроҳон аз Тоҷикистон бори нахуст ширкат меварзанд.

Муассис ва сарвари кулли Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов бо дастаи худ, ки аз тарроҳони ҷавони тоҷик Саидҷалол Махсумов ва Шаҳло Пӯлодова иборат буд, дар мавсими дуюми Burana Fashion week иштирок карданд.

Дар ин чорабинӣ ба ҷуз тарроҳони тоҷик инчунин намояндагони беш аз 5 кишвари дунё, аксаран аз ИДМ ва ҳамагӣ 20 нафар тарроҳон иштирок карданд.

Иштирокчиён аз Тоҷикистонро дар Burana Fashion week-2020 шахсан сарвари кулли TFW интихоб кард, ки ба ҳайати ҳакамони ҳафта дохил буд.

Саидҷалол ва Шаҳло кайҳост, ки бо Tajikistan Fashion Week ҳамкорӣ доранд, аммо қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода акнун мегузоранд.

– Малакаи тарроҳони навкори ҷавонро сайқал дода, ба ҷаҳониён корҳои онҳоро намоиш додан лозим аст, то ки онҳоро шиносанд ва эътироф кунанд, – мегӯяд Тоҳир Иброҳимов. – Ғайр аз ин, мо мехоҳем, тамоми зебоӣ ва ҷаззобии фарҳанг ва анъанаҳои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳем.

Дар маҷмӯаи либосҳои Саидҷалол Махсумов ва Шаҳло Пӯлодова ба чакан, попурӣ ва сӯзанӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ҳамроҳи дигар тарроҳони хориҷӣ онҳо дар рӯзи хотимавии чорабинӣ маҳсули эҷоди худро намоиш доданд.

Тоҳир Иброҳмимов ба яке аз тарроҳони тамғаи миллии Қирғизистон Sherden Мирраҳим Опош сертификатро барои иштирок дар мавсими 5-уми Tajikistan Fashion Week супорид, ки рӯзҳои 6-8 апрели соли равон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ тарроҳ аз маҷмӯаи худ 15-тогӣ сарулибоси мардона ва занона намоиш медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.