Мусодираи маводи мухаддири нархаш тахминан миллион доллар

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 3 шаҳрванди Афғонистонро бо миқдори зиёди маводи нашъаовари синтетикӣ боздошт карданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, аз онҳо 6 бастаи полиэтиленӣ бо 10 кило маводи нашъаовори синтетикӣ – метамфетамин дарёфт ва мусодира шудааст. Нисбат ба шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, […]

Меҳрангез Турсунхода, Asia-Plus

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 3 шаҳрванди Афғонистонро бо миқдори зиёди маводи нашъаовари синтетикӣ боздошт карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, аз онҳо 6 бастаи полиэтиленӣ бо 10 кило маводи нашъаовори синтетикӣ – метамфетамин дарёфт ва мусодира шудааст.

Нисбат ба шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аз додани маълумот дар бораи дигар ҷузъиёти қазия манбаъ худдорӣ варзид.

Қаблан раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои ахир ҳодисаҳои мусодираи маводи нашъаовари синтетикии психотропӣ афзудааст. Соли 2018 аз ҷониби Агентӣ 15,8 ҳазор ва соли 2019 – 7,5 ҳазор ҳаб (таблетка)-ҳои нашъаовар мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон “як дона ҳаби метамфетамин дар бозори сиёҳи савдои яклухт бо нархи 20-25 доллар (200-250 сомонӣ) фурӯхта шуда, дар бозори чакана нархи он беш аз 300 сомониро ташкил медиҳад”.

Агар ба инобат гирем, ки вазни як ҳаб ба ҳисоби миёна ба 0,4 грамм баробар аст, пас нархи тахминии маводи мухаддири мусодирашуда ба миллион доллар наздик мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.