Ба рӯзноманигорони тоҷик низоми С-300-ро нишон доданд

Муовини аввали вазири мудофиаи Русия Руслан Тсаликов ҳамроҳи сарфармондеҳи Нерӯҳои хушкигард Олег Салюков ва фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапин рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шинос шуданд. “Муовини аввали вазири мудофиа гузориши фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапинро дар бораи иншооти сохташуда ва дигар иншооте, ки […]

Asia-Plus

Муовини аввали вазири мудофиаи Русия Руслан Тсаликов ҳамроҳи сарфармондеҳи Нерӯҳои хушкигард Олег Салюков ва фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапин рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон шинос шуданд.

“Муовини аввали вазири мудофиа гузориши фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи ҳарбии марказӣ Александр Лапинро дар бораи иншооти сохташуда ва дигар иншооте, ки барои ба истифода додан омода мешаванд, шунид”, – қайд мешавад дар иттилои Вазорати мудофиаи Русия.

Ҳамон рӯз ҳамчунин барои журналистони Русия ва Тоҷикистон дар қаламрави пойгоҳ ва машқгоҳи Лоҳур низомиён экскурсия (сайругашт)-и шиносоӣ гузарониданд.

Ба онҳо тарзи оғози навбатдории ҳайати дивизиони низоми мушакии С-300, машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ оид ба ошкор кардани ҳадаф дар фазо, қитъаи убури монеаҳо нишон дода шуд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Он айни замон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбад. Дар ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Бохтар мустақар аст.

Охири соли гузашта гурӯҳи мудофиаи зиддиҳавоии пойгоҳи 201-уми Русия бо низомҳои дифои зиддиҳавоии дарозмасофа пурзӯр карда шуд. 1-уми декабр низоми дифои зиддиҳавоии С-300ПС ба навбатдорӣ оғоз кард.

С-300 низоми мушакиест, ки ба нобуд кардани ҳавопаймоҳои муосир, аз ҷумла, бо технологияи “стелс” сохташуда, мушакҳои баллистикии миёнамасофа, мушакҳои оперативӣ-тактикӣ ва тактикӣ, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бозрасии радиолокатсионӣ, ҳадафгирӣ ва маҷмааҳои иктишофӣ-зарбазанӣ қодир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.