ВКХ Тоҷикистон худдорӣ аз сафарро ба 5 кишвар тавсия медиҳад

Бо назардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Корея, Эрон, Италия ва Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд. Дар хабари нашркардаи ВКХ қайд мешавад, ки ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан […]

Аваз Юлдошев

Бо назардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Корея, Эрон, Италия ва Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Дар хабари нашркардаи ВКХ қайд мешавад, ки ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад.

Зимнан таъкид шудааст, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд.

Гуфта мешавад, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҳолати шуюи вируси мазкурро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонанд.

“Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд”, – омадааст дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки то 6 март дар берун аз ҳудуди Чин дар 76 кишвар зиёда аз 12 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Дар хориҷ аз қаламрави Чин ҳамагӣ 12668 ҳолати сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуда, 214 нафар фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.