Котиби нави Шӯрои амнияти Тоҷикистон кист?

Насрулло Маҳмудзода 12 майи соли 1963 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кард. Фаъолияти кориашро пас аз хатми таҳсил оғоз намуд: солҳои 1986-1987 – муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум; 1988 – прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд; 1989 – муфаттиши калони прокуратураи […]

Asia-Plus

Насрулло Маҳмудзода 12 майи соли 1963 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кард.

Фаъолияти кориашро пас аз хатми таҳсил оғоз намуд: солҳои 1986-1987 – муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум; 1988 – прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд; 1989 – муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроқум; 1993 – муовини прокурори шаҳри Исфара ва соли 1997 – муовини аввали прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1998 сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд, соли 2002 – прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва соли 2007 – прокурори шаҳри Кӯлоб таъин шуд.

Соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз моҳи феврали соли 2015 то таъиноти кунунӣ ба ҳайси прокурори вилояти Хатлон ифои вазифа мекард.

Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3.

Забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, 3 фарзанд дорад.

Имрӯз бо фармони президенти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Маҳмадалӣ Ватанзодаро иваз кард, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин мансаб сабукдӯш гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?