Раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон шуд

Date:

Роҳбари яке аз бонкҳои калонтарини кишвар “Ориёнбонк” Ҳасан Асадулозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон интихоб шудааст.

Дар ин бора “Азия-Плюс” раиси комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода хабар дод.

“Ҳасан Асадуллозода номзадияшро ба таври худпешбарӣ дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-3 ба қайд гирифта буд. Ӯ соҳиби аксарияти овозҳои интихобкунандагон гардида, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шуд” , – гуфт Қурбонзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳасан Асадуллозода

Номбурда афзуд, ки дар баробари Ҳасан Асадуллозода чанд соҳибкори дигар низ ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, муассис ва роҳбари бозори “Султони Кабир” Авазхон Кабиров аз ҳавзаи интихоботии Восеъ-26 вакил интихоб шуд.

Қурбонзода иброз дошт, ки ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят 69 вакил аз се ҳизби сиёсии кишвар роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, ҲХДТ – 65 вакил, ҲИИТ ва ҲАТ – якнафарӣ, ҳамчунин 2 нафар ба таври худпешбарӣ, ки онҳо низ узви ҲХДТ мебошанд.

“Аз 69 вакили интихобшуда 23 нафарашон занон ва 10 нафарашон ҷавонони то 35-сола мебошанд”, – гуфт манбаъ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбоналӣ Қурбонзода

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи 1-уми март ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 68 номзад аз ҲХДТ, 9-номзадӣ аз ҲКТ, ҲАТ, ҲИИТ ва 158 номзад ба таври худпешбарӣ барои 69 ҷой мубориза карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...