Раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон шуд

Роҳбари яке аз бонкҳои калонтарини кишвар “Ориёнбонк” Ҳасан Асадулозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон интихоб шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” раиси комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода хабар дод. “Ҳасан Асадуллозода номзадияшро ба таври худпешбарӣ дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-3 ба қайд гирифта буд. Ӯ соҳиби аксарияти овозҳои интихобкунандагон гардида, вакили Маҷлиси вакилони халқи […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Роҳбари яке аз бонкҳои калонтарини кишвар “Ориёнбонк” Ҳасан Асадулозода вакили маҷлиси вилояти Хатлон интихоб шудааст.

Дар ин бора “Азия-Плюс” раиси комиссияи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода хабар дод.

“Ҳасан Асадуллозода номзадияшро ба таври худпешбарӣ дар ҳавзаи интихоботии Бохтар-3 ба қайд гирифта буд. Ӯ соҳиби аксарияти овозҳои интихобкунандагон гардида, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шуд” , – гуфт Қурбонзода.

Номбурда афзуд, ки дар баробари Ҳасан Асадуллозода чанд соҳибкори дигар низ ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, муассис ва роҳбари бозори “Султони Кабир” Авазхон Кабиров аз ҳавзаи интихоботии Восеъ-26 вакил интихоб шуд.

Қурбонзода иброз дошт, ки ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят 69 вакил аз се ҳизби сиёсии кишвар роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, ҲХДТ – 65 вакил, ҲИИТ ва ҲАТ – якнафарӣ, ҳамчунин 2 нафар ба таври худпешбарӣ, ки онҳо низ узви ҲХДТ мебошанд.

“Аз 69 вакили интихобшуда 23 нафарашон занон ва 10 нафарашон ҷавонони то 35-сола мебошанд”, – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи 1-уми март ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 68 номзад аз ҲХДТ, 9-номзадӣ аз ҲКТ, ҲАТ, ҲИИТ ва 158 номзад ба таври худпешбарӣ барои 69 ҷой мубориза карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.