Пйер Морел: Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд аз бунёди сарбандҳои азим худдорӣ кунанд

Date:





           

Душанбе. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Пйер Морел изҳор дошт, ки кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, аз тарзи муносиботи пешин даст кашида, ба роҳандозии муносибатҳои ҷадид шурӯъ созанд.









           

Ӯ таъкид сохт, ки ҳарчанд ИА дар минтақа нақши умда надошта бошад ҳам, «мо тавсия медиҳем, ки дар масъалаи тақсими захоири об муносибатҳои нав пеш гирифта шаванд». «Дар шароити кунунӣ аз бунёди сарбандҳои азим барои нерӯгоҳҳо, ки ба муҳити зист хатар эҷод месозанд, мебояд даст кашид ва ба ивази он шумори нерӯгоҳҳои хурди барқиро афзун бояд кард», – гуфт ӯ.








           

Ба назари ӯ, ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар минтақа таъсиси мақомоти ягонаи ҳамоҳангсозии масоили марбут ба захираҳои обӣ мувофиқи мақсад аст.

 

Дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ номбурда гуфт, дар ин масъала Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои аз ҳама бештар осебпазиранд ва коҳиши маҳсулоти содиротиву ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон метавонад ба иқтисоди ин кишварҳо таъсири манфӣ расонад.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...