Дар ҷануби кишвар мансабдор ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд

Date:

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия корманди Идораи давлатии беҳдошти замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Додарҷон Саидовро ба гумони порагирӣ боздошт карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, боздоштшуда ҳамроҳи миёнарав Ашӯрбой Солеҳов ба боварии як сокини маҳаллӣ даромада, ба ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ маблағ тамаъ кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни гирифтани маблағи мазкур Додарҷон Саидов ва ҳаммаслаки ӯ бо далели шайъӣ дастгир шудаанд.

Нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...