Боздошти шаҳрванди Афғонистон дар Бохтар барои мошиндуздӣ

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванди 20-солаи Афғонистонро, ки муваққатан дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад, ба гумони дуздидани мошин боздошт карданд. “Гумонбаршуда рӯзи 8-уми феврали соли равон автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-и сокини 26-солаи шаҳрро барои таъмир гирифта, сипас мошинро аз он ҷо ғайриқонунӣ ба самти номаълум бурдааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Гуфта […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванди 20-солаи Афғонистонро, ки муваққатан дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад, ба гумони дуздидани мошин боздошт карданд.

“Гумонбаршуда рӯзи 8-уми феврали соли равон автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-и сокини 26-солаи шаҳрро барои таъмир гирифта, сипас мошинро аз он ҷо ғайриқонунӣ ба самти номаълум бурдааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ӯ 9-уми март ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Данғара-Бохтар”, воқеъ дар 66-ум километр қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, воситаи нақлиётро чаппа мекунад.

“Гумонбар бо ин кирдораш ба ҷабрдида 60 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонид”, – қайд мешавад дар хабар.

Айни замон гумонбар дар боздоштгоҳ қарор дошта, барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.