Интиқоди ИМА аз Тоҷикистон барои маҳдудияти дастрасӣ ба расонаҳои хабарӣ

Департаменти давлатии ИМА ба қатъи дастрасии торнамоҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст. Дар гузориши Департаменти давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қайд мешавад, соли 2019 маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия-Плюс” идома ёфтанд. Гуфта мешавад, муддати чандин сол инҷониб дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил ва мухолифин, ки дар берун аз ҳудуди кишвар […]

Департаменти давлатии ИМА ба қатъи дастрасии торнамоҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст.

Дар гузориши Департаменти давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қайд мешавад, соли 2019 маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла, Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия-Плюс” идома ёфтанд.

Гуфта мешавад, муддати чандин сол инҷониб дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои мустақил ва мухолифин, ки дар берун аз ҳудуди кишвар ҷойгиранд, аз ҷониби ҳукумат қатъ мешавад.

Маллифони гузориш таъкид месозанд, ки Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон доимо даст доштанашро дар ҷорисозии маҳдудиятҳо ҷиҳати дастрасӣ ба торнамоҳои расонаҳои иттилоотӣ рад мекунад.

Аммо, гуфта мешавад дар гузориш, ҳукумат эътироф кардааст, баъзан аз қонунгузорие, ки ба қатъи муҳтавои матолиби интернет ва телекоммуникатсия ба хотири таъмини “манфиатҳои амнияти миллӣ” иҷоза медиҳад, истифода мекунад.

Ҳамчунин Департаменти давлатӣ ба таҳдидҳои чандинбора аз ҷониби ҳукумат нисбат ба ВАО-и мустақил ишора мекунад.

Таъкид мешавад, ки ба сурати умум Тоҷикистон давлати худкома (авторитарӣ) боқӣ мемонад ва дар он ҳукумат ба гуногунандешии сиёсӣ монеа эҷод мекунад.

Дар гузориш аз мавҷуд будани мушкилот дар ҷумҳурӣ, аз қабили куштори маҳбусон аз ҷониби нозирони зиндон, шиканҷаву таҳқири маҳкумшудагон, шароити душвори маҳбусони сиёсӣ, дахолати ҳукумат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, мушкилоти назаррас вобаста ба мустақилияти низоми судӣ, сензура, маҳдудсозии фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ, маҳдудиятиҳои зиёд дар озодии мазҳаб, коррупсия, хешу ошнобозӣ ва дигар мушкилот сухан меравад.

“Ҳолатҳои ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорни ҳукумат барои нақзи ҳуқуқи инсон хеле кам ба назар мерасид. Мансабдорони хадамоти амният ва дигар сохторҳои давлатӣ бидуни муҷозот амал мекарданд”, – зикр мешавад дар гузориши департаменти давлатии ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.