Моҳи марти имсола дар Тоҷикистон гармтар мешавад

Моҳи март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувору сербориш пешгӯйӣ мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи воридшавии сиклонҳо аз минтақаи ҷанубу ғарб, дар муқоиса бо солҳои пешин моҳи марти имсола дар Тоҷикистон нисбатан гармтар меояд. Боришоти моҳона аз меъёр зиёдтар пешбинӣ мешавад. Дар баъзе рӯзҳо ба амал омадани раъду барқ, фаромадани туман ва пурзӯр […]

Моҳи март дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувору сербориш пешгӯйӣ мешавад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи воридшавии сиклонҳо аз минтақаи ҷанубу ғарб, дар муқоиса бо солҳои пешин моҳи марти имсола дар Тоҷикистон нисбатан гармтар меояд.

Боришоти моҳона аз меъёр зиёдтар пешбинӣ мешавад. Дар баъзе рӯзҳо ба амал омадани раъду барқ, фаромадани туман ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.

Аммо аллакай фардо, рӯзи 13-уми март пас аз сардиҳои якҳафтаина обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон гарм мешавад.

Рӯзҳои 13-14 март дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар буда, то 18 дараҷа гарм мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзҳои охир ақрабаки ҳароратсанҷ аз 10 дараҷа гармӣ боло намерафт.

Аллакай шурӯъ аз ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон обуҳавои то 23 дараҷа гарм пешгӯйӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки бар асари гармшавии обуҳаво ва боришоти зиёд дар ноҳияҳои кӯҳистон фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар шароити обуҳавои ноустувор, боридани барфу борон, яхбандӣ ва тармафароиҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор мегардад. Бо назардошти ин, ба мақомоти масъули вазъи роҳдорӣ дастур дода шудааст, ки бобати пешгирӣ ва рафъи ин ҳолатҳо пешакӣ омода шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.