Суғд ва Душанбе номзадҳои худро ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ мекунанд

Дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ваколатҳои вакилони дар интихоботи рӯзи 1 март интихобшуда тасдиқ мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод. Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе номзадҳои худро ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ мекунанд. ВМКБ ва ноҳияҳои […]

Аваз Юлдошев

Дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ваколатҳои вакилони дар интихоботи рӯзи 1 март интихобшуда тасдиқ мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.

Ғайр аз ин, вакилони мардумӣ аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе номзадҳои худро ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ мекунанд.

ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ то ҳол санаи баргузории иҷлосияҳои худро муайян накардаанд. Дар ин иҷлосияҳо низ номзадҳо ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар узви Маҷлиси миллиро Президенти Тоҷикистон таъин мекунад.

Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.