“Истиқлол” мусобиқаи Ҷоми КФО-ро бо ғалаба оғоз кард

Бозии аввали даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 байни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфт. Тавре дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол” хабар медиҳад, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бе ҳузури тамошобинон доир гардида, ҳар ду тӯбро ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 21 ва 29-ум […]

Бозии аввали даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 байни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфт.

Тавре дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол” хабар медиҳад, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бе ҳузури тамошобинон доир гардида, ҳар ду тӯбро ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 21 ва 29-ум ба ҳадаф расонид.

Гуфта мешавад, Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингари вохӯрии даври аввали Ҷоми КФО-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” номида шудааст.

Федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо дастгирӣ аз тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба кам кардани баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии хатари коронавирус тасмим гирифт, ки ин бозӣ бе ҳузури тамошобинон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дигар дар гурӯҳи «D» байни тимҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон), ки низ бояд рӯзи 11-evb март доир мегардид, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар даври дуюми мусобиқа “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир” бозӣ карда, “Хуҷанд” дар майдони худ “Дордой”-ро қабул мекунад. Ин вохӯриҳо бояд рӯзи 15-evb апрел баргузор шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.