Пешвози сарбозону афсарони ӯзбек дар Тоҷикистон

Ротаи баргузидаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ӯзбекистонро, ки рӯзи 10-уми март ба Тоҷикистон омад, сокинони маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа дар марзи ду кишвар бо нону намак ва рақсу тарона пешвоз гирифтанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, низомиёни кишвари ҳамсоя дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз 11 то 14 март дар машқгоҳи […]

Ротаи баргузидаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ӯзбекистонро, ки рӯзи 10-уми март ба Тоҷикистон омад, сокинони маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа дар марзи ду кишвар бо нону намак ва рақсу тарона пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, низомиёни кишвари ҳамсоя дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз 11 то 14 март дар машқгоҳи “Фахробод” ҷараён мегирад, иштирок мекунанд.

Дар ин тамринҳо таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо амалҳои муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.