СҶТ дар бораи ба пандемия табдил ёфтани сирояти коронавирус хабар дод

Созмони ҷаҳони тандурустӣ (СҶТ) эълом дошт, ки паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19-ро дар ҷаҳон “метавон ҳамчун пандемия (бемории ҳамагири ҷаҳонӣ) унвон кард”. Тавре Медуза хабар медиҳад, роҳбари СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик Созмон афзоиши шумори беморон ва фавтидагонро интизор дорад. Ӯ таъкид дошт, ки Созмон ҳамарӯза аз кишварҳо даъват […]

Созмони ҷаҳони тандурустӣ (СҶТ) эълом дошт, ки паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19-ро дар ҷаҳон “метавон ҳамчун пандемия (бемории ҳамагири ҷаҳонӣ) унвон кард”.

Тавре Медуза хабар медиҳад, роҳбари СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки рӯзҳо ва ҳафтаҳои наздик Созмон афзоиши шумори беморон ва фавтидагонро интизор дорад.

Ӯ таъкид дошт, ки Созмон ҳамарӯза аз кишварҳо даъват мекунад, дар мубориза бо паҳншавии коронавирус аз тадбирҳои муассир кор гиранд.

Гебрейесус бар ин назар аст, ки давлатҳо бояд механизмҳои вокуниш ба ҳолати фавқулоддаро тақвият бахшида, аҳолиро аз хатарҳои мавҷуда ва тарзҳои муҳофизат аз он огоҳ кунанд, ҳамаи шахсони ба беморӣ гирифторшуда, инчунин нафаронеро, ки бо онҳо алоқа доштанд, аз дигарон ҷудо нигоҳ доранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар 115 кишвари дунё беш аз 125 ҳазор ҳолатҳои сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Гебрейесус таъкид доштааст, ки беш аз 90% аз ин ҳолатҳо ба 4 кишвар рост меоянд, ки дар 2-тои онҳо камшавии назарраси шумори беморон ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи раиси СҶТ, намояндагони 81 давлат дар бораи сироятёбии шаҳрвандонашон изҳор надоштаанд. Боз дар 57 кишвари дигар доир ба камтар аз 10 нафар гирифторон ба ин беморӣ сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз сирояти коронавирус озод боқӣ мемонанд: дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Ӯзбекистон вирус ошкор нашудааст.

Дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар робита ба коронавирус таҳия мешавад. То имрӯз сирояти коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст, аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.