Ҷоми КФО-2020: бозии “Истиқлол” – “Хуҷанд” бе тамошобин мегузарад

Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «D» байни ду дастаи Тоҷикистон –  “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бе тамошобин мегузарад. Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бо дастгирӣ аз тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба кам кардани баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии хатари коронавирус, чунин тасмим гирифтааст. Ҷараёни ин бозиро мухлисони футбол дар […]

Asia-Plus

Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «D» байни ду дастаи Тоҷикистон –  “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бе тамошобин мегузарад.

Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки бо дастгирӣ аз тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон доир ба кам кардани баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии хатари коронавирус, чунин тасмим гирифтааст.

Ҷараёни ин бозиро мухлисони футбол дар пахши мустақими шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” тамошо карда метавонанд.

Бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи чоршанбе, 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.