Коронавирус: Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе боз ба таъхир афтод

Маросими расмии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ рӯзи 12-уми март пешбинӣ гардида буд, боз мавқуф гузошта шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, замони дақиқи ифтитоҳи масҷид ҳоло маълум нест. Маросими ифтитоҳ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Маросими расмии ифтитоҳи бузургтарин масҷиди ҷомеи минтақаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Танӣ рӯзи 12-уми март пешбинӣ гардида буд, боз мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, замони дақиқи ифтитоҳи масҷид ҳоло маълум нест.

Маросими ифтитоҳ дар доираи тадбирҳои андешидашуда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон оид ба муқовимат ба хатари паҳншавии коронавирус ба таъхир афтод.

Қаблан зикр гардида буд, гурӯҳи корӣ оид ба омодакунии маросими ба истифода додани масҷид, ки ба ҳайати он намояндагони ҳукумат, ходимони дин ва олимон шомиланд, ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ин масҷид “Хуросон” номгузорӣ шавад.

Нахуст ифтитоҳи он охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябри соли гузашта пешбинӣ гардида буд. Ҳамон замон маълумот пайдо шуд, ки амири Қатар аз ҳукуматдорони тоҷик дархост кардааст, ба ӯ барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷид ва адои намоз дар он бо диндорони тоҷик имкон дода шавад.

Лоиҳаи сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон  бо мусоидати раисҷумҳури Тоҷикистон амалӣ шуд. Ӯ моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба сохтмони он санги асос гузошта буд.

Бунёди ин масҷид дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 9 сол идома ёфт. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро ҳукумати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро ҳукумати Қатар ҷудо кард.

Масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Он бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра, ҳамчунин боз 20 манораи хурду калон иборат аст.

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти динии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.