Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон нархи барқу газро мувофиқа мекунанд

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҳамраисонаш сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, нимаи дуюми моҳи апрел дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон баргузор мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ […]

Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҳамраисонаш сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов мебошанд, нимаи дуюми моҳи апрел дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи навбатӣ асосан ба баррасии масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши он дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илмиву техникӣ байни Тоҷикистону Узбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ин ҷаласа масъалаи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли равон мувофиқа мешавад.

Соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ба маблағи умумии 28,5 млн доллар 1 млрд 425,1 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Соли гузашта Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи умумии 17,7 млн доллар 140 млн метри мукааб гази табиӣ гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.