Қурби рубл дар Тоҷикистон босуръат поин рафт

Паст шудани қурби рубл пас аз босуръат поинравии нархи нафт боиси беш аз 10% коҳиш ёфтани қурби мубодилавии асъори Русия дар Тоҷикистон гардид. Дар бонкҳои Тоҷикистон айни замон 1 ҳазор рубли русӣ бо маблағи 130 сомонӣ иваз мешавад. Ҳафтаи гузашта ба ивази ин миқдор 145 сомонӣ дода мешуд. Аммо қурби расмии рубли русӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда […]

Паст шудани қурби рубл пас аз босуръат поинравии нархи нафт боиси беш аз 10% коҳиш ёфтани қурби мубодилавии асъори Русия дар Тоҷикистон гардид.

Дар бонкҳои Тоҷикистон айни замон 1 ҳазор рубли русӣ бо маблағи 130 сомонӣ иваз мешавад. Ҳафтаи гузашта ба ивази ин миқдор 145 сомонӣ дода мешуд.

Аммо қурби расмии рубли русӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст чун як ҳафта пеш бетағйир боқӣ мемонад: 0,1413 сомонӣ барои 1 рубл.

Қурби доллари амрикоӣ ва евро низ қариб тағйир наёфтааст: имрӯз 1 доллар ба 9,6800 сомонӣ ва 1 евро ба 10,9558 сомонӣ баробар аст.

Тавре нашрияи русиягии “Ведомости” хабар медиҳад, рӯзи 9-уми март бар асари босуръат поинравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қурби рубл хеле коҳиш ёфт.

Рӯзи ҷумъа, 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид, ки ин нишондиҳанда аз соли 1991 то кунун коҳиши якрӯзаи аз ҳама зиёд мебошад.

Қурби рубл нисбат ба доллар – 8,8% то 74,5 рубл ва евро – 9,7% то 85 рубл поин рафт, ки бузургтарин коҳиши якрӯзаи қурби рубл аз 16-уми декабри соли 2014 то кунун дониста мешавад.

Қобили зикр аст, ки беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳаҷми пулҳои фиристодаи онҳо аз ин кишвар ба Ватан ба ҳисоби миёна 3 млрд долларро дар як сол ташкил медиҳад.

Наздики 90%-и пулро муҳоҷирони тоҷик бо рубли Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Аз соли 2016 бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ин маблағҳоро бонкҳо танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.