Корду табар ва дастчӯб: Боздошти 13 нафар дар идомаи амалиёти “Корд”

Дар доираи баргузории амалиёти навбатии “Корд” дар шаҳри Душанбе 70 силоҳи сард мусодира шудааст. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, амалиёти навбатӣ аз 1-ум то 7-уми март дар минтақаҳои гуногуни пойтахт гузаронида шуд. Дар  ҷараёни он 13 нафар, аз ҷумла, 4 ноболиғ дастгир шуданд. Аз онҳо дар умум 70 силоҳи сард, аз ҷумла, 67 корд, 2 табар […]

Дар доираи баргузории амалиёти навбатии “Корд” дар шаҳри Душанбе 70 силоҳи сард мусодира шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, амалиёти навбатӣ аз 1-ум то 7-уми март дар минтақаҳои гуногуни пойтахт гузаронида шуд. Дар  ҷараёни он 13 нафар, аз ҷумла, 4 ноболиғ дастгир шуданд.

Аз онҳо дар умум 70 силоҳи сард, аз ҷумла, 67 корд, 2 табар ва 1 чӯбдаст (бита) дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) ва нисбат ба дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Дар шумори онҳо Зафар Чиллаев, ки қаблан барои фурӯши силоҳҳои сард дар ҶДММ «Корвон плюс» боздошт гардида буд, дубора ба даст афтод. Аз ӯ қаблан 1650 адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира шуда буд. Номбурда такроран ба ин амал машғул шудааст, ки нисбаташ чораҳои таъсиррасони қонунӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ андешида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.