ВКД гунаҳкорони паҳншавии овозаҳо дар бораи коронавирусро ҷустуҷӯ дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки шахсони дар паҳнкунии овозаҳои беасос оид ба коронавирус дастдоштаро ба ҷавобгарӣ мекашад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад. Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ҷамшед Абдуллоев дар ин хусус шахсан ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст. “Аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дархост мекунам, ки дар […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки шахсони дар паҳнкунии овозаҳои беасос оид ба коронавирус дастдоштаро ба ҷавобгарӣ мекашад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

Корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Ҷамшед Абдуллоев дар ин хусус шахсан ба вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.

“Аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дархост мекунам, ки дар робита ба вазъи харидории миқдори хеле зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби аҳолӣ, нисбат ба як гурӯҳи тоҷирон, ки ба воридот ва фурӯши орду равған машғуланду дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишвари мо овозаҳо паҳн карда, мардумро ба ташвиш андохтанд, тадбирҳои қонунӣ андешида шавад”, – навиштааст корбар дар муроҷиаташ.

Вобаста ба ин муроҷиат ВКД изҳор медорад, ки овозаҳо дар бораи коронавирус асоси воқеӣ надоранд ва мақомот барои муайян кардану боздошти шахсони дар ин кор дастдошта ҳамаҷониба чора андешида истодааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 4 ва 5 март дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Душанбе пас аз паҳншавии овозаҳо дар бораи коронавирус мардум ба харидани миқдори хеле зиёди маҳсулоти ғизоӣ – орду равған, шакар, макарон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд.

Дар ин рӯзҳо нархи орд ба андозаи 15-20% афзуда, арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 200-210 сомонӣ то ба 240-250 сомонӣ боло рафт.

Пеш аз рӯзҳои истироҳат, 6-уми март ташвишу таҳлукаи мардум кам шуда, вазъ ба эътидол омад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” дар шаҳри Турсунзода, нисбат ба як тоҷири яклухтфурӯши орд аз рӯйи далели беасос боло бурдани нарх ба маҳсулоташ мувофиқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.