Роҳ аз Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии Душанбе ба наздикӣ боз мешавад

Боз кардани роҳи мошингард аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудааст. Моҳи декабри соли гузашта зимни шиносоии муовини сарвазир бо рафти амалисозии лоиҳа дар ин хусус хабар дода шуд. Он замон зикр гардида буд, ки корҳо дар ин ҷо шабонарӯзӣ ҷараён дошта, роҳ 20-уми марти соли 2020 пурра ба […]

Боз кардани роҳи мошингард аз маҳаллаи Қарияи Боло то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷашни Наврӯз пешбинӣ шудааст. Моҳи декабри соли гузашта зимни шиносоии муовини сарвазир бо рафти амалисозии лоиҳа дар ин хусус хабар дода шуд.

Он замон зикр гардида буд, ки корҳо дар ин ҷо шабонарӯзӣ ҷараён дошта, роҳ 20-уми марти соли 2020 пурра ба истифода дода мешавад.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи чорроҳаи Қарияи Боло дар робита ба корҳои таъмиру навсозӣ охири моҳи феврали соли 2018 қатъ гардида буд.

Ин эстакада дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳа оид ба беҳбуди вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз назди муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе сохта мешавад.

Суратгузориш аз ҷараёни корҳо дар ин қитъаи роҳ пеш аз бозшавӣ.

Аксҳо аз Нозим Қаландаров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.