Аз имшаб дар Тоҷикистон парвозу фуруди ҳавопаймоҳо манъ мешавад

Сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода бо ирсоли барқияи фаврӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ дастур додааст, ки аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳо ба Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад. Нусхаи ин барқияи фаврӣ дар ихтиёри “Азия-Плюс” ҳаст. Дар он чунин навишта шудааст: “Бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода бо ирсоли барқияи фаврӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ ва хориҷӣ дастур додааст, ки аз 20-уми марти соли 2020 парвозҳо ба Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад.

Нусхаи ин барқияи фаврӣ дар ихтиёри “Азия-Плюс” ҳаст. Дар он чунин навишта шудааст: “Бо мақсади пешгирии эҳтимолияти паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки иҷроиши парвозҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ карда шавад”.

Азиз Набизода, муовини сарвари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки чунин барқияи фаврӣ ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ фиристода шудааст, аммо шарҳи бештар надод.

Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” ҳамчунин дар 2 ширкати ҳавопаймоии хориҷие, ки ба самти Тоҷикистон парвозҳоро анҷом медиҳанд, тасдиқ карданд.

Агентии авиатсияи гражданӣ ҳанӯз шарҳ надодааст, вазъи мусофирони хатсайрҳое, ки бояд ба Душанбе ё Хуҷанд меомаданд ё аз фурудгоҳҳои ин ду шаҳр парвоз мекарданд, чӣ хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дирӯз дар робита ба ҳамагирии коронавируси нав хабар дод, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷаро аз ин пайванд метавон дарёфт кард – https://mfa.tj/

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то имрӯз, 19-уми март дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аз 1-уми феврал то 18-уми марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то имрӯз 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои ФаронсаИспания, Шветсия, Швейтсария, Бритониёи Кабир, Норвегия, Нидерландия, Олмон, Белгия, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бевосита ва ё тавассути кишварҳои дигар ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта мешаванд. Муддати ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандони аз кишварҳои номбурда ба Тоҷикистон воридшуда 14 рӯз хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.