Раиси Истаравшан: Наврӯзро ҷашн мегирем, то воҳимаи коронавирус кам шавад

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои аз байн бурдани тарси гирифторӣ ба коронавирус ва рӯҳбаланд сохтани сокинони маҳаллӣ бо иштироки беш аз 6000 нафар иди Наврӯз таҷлил шуд. Дар маросими идона, ки 2 соат давом кард, дар баробари сокинони шаҳр ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони […]

Элшод Ҳасанов, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барои аз байн бурдани тарси гирифторӣ ба коронавирус ва рӯҳбаланд сохтани сокинони маҳаллӣ бо иштироки беш аз 6000 нафар иди Наврӯз таҷлил шуд.

Дар маросими идона, ки 2 соат давом кард, дар баробари сокинони шаҳр ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳаллӣ ширкат варзиданд.

“Ин чорабинӣ барои рӯҳбаландиву хотирҷамъии мардум баргузор шуд, то касе ба воҳима наафтад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода.

Вай афзуд, ки марказҳои тиббии маҳаллӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ омодаанд.

Дар робита ба ин масъала аз ҷонишини сардухтури шаҳри Истаравшан Ғафурҷон Маъруфӣ пурсидам: “Агар Худо нокарда, коронавирус дар шаҳр пайдо шавад, оё имкони табобати мардум ва пешгирии паҳншавии беморӣ ҳаст? Чӣ миқдор кат омода шудааст?”. 

Ғафурҷон Маъруфӣ гуфт: “Дар беморхонаҳои Истаравшан барои қабули шаҳрвандони сироятёфта ҳамагӣ 250 кат омода шудаанд. Аз ин теъдод қисме дар беморхонаҳои деҳаҳои Ругунд, Лакат ва Сӯфӣ Ориф ҷой доранд”.

Тавре маълум гашт, на ҳамаи одамоне, ки имрӯз ба варзишгоҳи марказӣ омада буданд, аз коронавирус ва роҳҳои паҳншавии он хабар доранд.

“Ҳаминро медонам, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон намеояд”, – бо боварии комил изҳор дошт Зуҳро Ашурова, сокини шаҳри Истаравшан.

Бонуи дигар Муаттара Бобоҷонова гуфт: “Ин як беморӣ мебошад, лекин аз ҳисоби ҳавои тоза, оби тоза, кӯҳҳо доштанамон, коронавирус аз мо дур аст”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.