Таъини сафирони Тоҷикистон дар Индонезия, Исроил ва Фаластин

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми апрел бо фармонҳои худ сафирони кишварро дар Индонезия, Исроил ва Фаластин таъин кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳар се нафари таъиншуда ҳамзамон ин вазифаҳоро иҷро мекунанд. Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин карда шуд. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон […]

Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми апрел бо фармонҳои худ сафирони кишварро дар Индонезия, Исроил ва Фаластин таъин кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳар се нафари таъиншуда ҳамзамон ин вазифаҳоро иҷро мекунанд.

Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия таъин карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Давлати Исроилро низ ба уҳда мегирад.

Ба дӯши сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён ҳамзамон иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Давлати Фаластин вогузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.