Tcell бо тарифҳои нави “Аъло” афзоиши суръатро пешниҳод мекунад

Ширкати Tcell ҷадвали нави тарофаҳои «Аъло» -ро пешниҳод менамояд. Дар тарофаҳои ҷадид Интернети бештар барои имкониятҳои нав ва мегабайтҳои бештар, ки онҳоро мешавад ҷамъоварӣ ва ҳадя кард, мавҷуд мебошанд!    Бо мурури замон ва тақозои давр истеъмоли иттилоот меафзояд ва трафики ба бастаҳо ва тарифҳо дохилшуда нокофӣ мегарданд. Бо дарки эҳтиёҷот ва ниёзи рӯзафзуни муштариён, […]

Ширкати Tcell ҷадвали нави тарофаҳои «Аъло» -ро пешниҳод менамояд. Дар тарофаҳои ҷадид Интернети бештар барои имкониятҳои нав ва мегабайтҳои бештар, ки онҳоро мешавад ҷамъоварӣ ва ҳадя кард, мавҷуд мебошанд!   

Бо мурури замон ва тақозои давр истеъмоли иттилоот меафзояд ва трафики ба бастаҳо ва тарифҳо дохилшуда нокофӣ мегарданд. Бо дарки эҳтиёҷот ва ниёзи рӯзафзуни муштариён, Tcell тарофаи нави "Аъло" -ро роҳандозӣ кард, ки дар он бастаҳои трафик, дақиқаҳо дар Тоҷикистон ва SMS –паёмакҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. Дар ҷадвали нақшавии «Аъло» ҳар як муштарии шабакаи мобилӣ метавонад барои худ тарофаи мувофиқеро интихоб кунад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои шахсии ӯ ва хостаҳояш бошад: аз «Аъло 30» то «Аъло 200».

Мутобиқ ба хоҳиши муштариён, трафики Интернет дар тарофаҳои нави «Аъло» пас аз ба охир расидани мӯҳлати пардохти абонентӣ аз байн намераванд (намесӯзанд) – онҳоро мешавад дар тӯли се моҳ ҷамъ кард! Яъне, трафики истифоданашуда аз Шумост ва ба Шумо таалуқ дорад! Ҳамчунин, трафикро ба наздикону пайвандон ва дӯстон ҳадяву тақсим кардан мумкин аст!

Маълумоти бештар дар бораи тарофаҳои "Аъло": https://new.tcell.tj\

Ба имкониянҳои нав “Aъло” бигӯ! Ҳамроҳ бо Тсеll суръат биафзо!   

__________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.