Синамоҷашнвораи байнулмилалии “Душанбе” ба вақти дигар гузаронида шуд

Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи байнулмилалии “Душанбе” дар мувофиқа бо Ҳукумати ҶТ баргузории онро вобаста ба хуруҷи коронавирус мавқуф гузоштааст. Қарор буд, фестивали мазкур дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо бо сабаби хуруҷи коронавирус дар аксари кишварҳои олам, кумитаи тадорукот то эътидол ёфтани вазъ ва барқарор шудани робитаҳои ҳавоию заминӣ миёни кишварҳо кинофестивалро мавқуф гузошт. То муҳлати қабули филмҳо барои Синамоҷашнвораи байнулмилалии […]

Asia-Plus

Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи байнулмилалии “Душанбе” дар мувофиқа бо Ҳукумати ҶТ баргузории онро вобаста ба хуруҷи коронавирус мавқуф гузоштааст.

Қарор буд, фестивали мазкур дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо бо сабаби хуруҷи коронавирус дар аксари кишварҳои олам, кумитаи тадорукот то эътидол ёфтани вазъ ва барқарор шудани робитаҳои ҳавоию заминӣ миёни кишварҳо кинофестивалро мавқуф гузошт.

То муҳлати қабули филмҳо барои Синамоҷашнвораи байнулмилалии “Душанбе” беш аз 85 дархост аз 30 кишвари ҷаҳон пешниҳод шудааст.

Пеш аз баргузор шудани синамоҷашнвора номгӯйи филмҳое, ки барои озмун пешбинӣ мешаванд, эълон хоҳад шуд. Кумитаи тадорукот дар бораи вақти баргузории озмун иловатан хабар медиҳад.

Мувофиқи қоидаҳои ҷашнвора, филмҳои озмунӣ (то 20 филм) бар асоси Низомномаи ҷашнвора, дар бахшҳои Озмуни байнулмилалии филмҳо ва Озмуни дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ (то 20 филм) интихоб мешаванд.

Дар ин ҷашнвораи синамо филмҳои кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ, ҳамчунин бародаршаҳрҳои Душанбе намоиш дода мешаванд. Муассисони ҷашнвора ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти шаҳрдории пойтахт буда, баргузоркунандаи он Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" мебошад.

Ба филмҳои озмунӣ ҳайати ҳакамони иборат аз мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ баҳогузорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар доираи ҷашнвора баргузории мизҳои гирд ва машғулиятҳои касбӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.