Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин ҷараёни мубориза бо коронавирусро баррасӣ карданд

Сарвазирони Тоҷикистону Русия Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин зимни суҳбати телефонии рӯзи 7-уми апрел роҳандозии тадбирҳои муштаракро дар мубориза бо коронавирус баррасӣ карданд. Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати Русия хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи муқовимат бо паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус таваҷҷуҳ зоҳир карданд. “Қоҳир Расулзода ба ҷониби Русия барои мусоидати амалӣ ба Тоҷикистон […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сарвазирони Тоҷикистону Русия Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин зимни суҳбати телефонии рӯзи 7-уми апрел роҳандозии тадбирҳои муштаракро дар мубориза бо коронавирус баррасӣ карданд.

Тавре хадамоти матбуоти ҳукумати Русия хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи муқовимат бо паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

“Қоҳир Расулзода ба ҷониби Русия барои мусоидати амалӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус изҳори сипос кард. Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия низ таваҷҷуҳ шуд. Зимни баррасии масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода аҳаммияти нигаҳдории ҳаҷми савдои дуҷонибаро таъкид доштанд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти АМИТ “Ховар”, Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

“Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд”, – хабар медиҳад “Ховар”.

Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни суҳбат масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили  гандум ва орд баррасӣ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.