Ғамхорӣ ба ҳар як мизоҷ: Max Biff Burger як моҳи тамом бепул ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим мекунад

Муассисаи хӯроки умумии Max Biff Burger воқеъ дар маҳаллаи Гулистони пойтахт иқдоми хайрияи тақсими ниқобҳои муҳофизатии истифодаи якдафъаинаро роҳандозӣ кард. Дар доираи ин иқдом 5 ҳазор ниқоб бепул тақсим карда мешавад. Ин иқдом аз 6-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳ давом мекунад. Ниқобҳои муҳофизатӣ ба меҳмонони хоҳишманди тановули бургер аз ҷониби кормандони муассиса мустақиман […]

Промо

Муассисаи хӯроки умумии Max Biff Burger воқеъ дар маҳаллаи Гулистони пойтахт иқдоми хайрияи тақсими ниқобҳои муҳофизатии истифодаи якдафъаинаро роҳандозӣ кард. Дар доираи ин иқдом 5 ҳазор ниқоб бепул тақсим карда мешавад.

Ин иқдом аз 6-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳ давом мекунад.

Ниқобҳои муҳофизатӣ ба меҳмонони хоҳишманди тановули бургер аз ҷониби кормандони муассиса мустақиман дар назди мизи фармоишҳо дода мешаванд. Ба мизоҷоне, ки хӯрокро ба хона ё дафтари кориашон фармоиш медиҳанд, ниқобҳо ҳамроҳи фармоиш ба онҳо фиристода мешавад.

Директори Max Biff Burger Фирӯза Ҷалилова ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин иқдом бо мақсади ба одамон ёдрас кардани тадбирҳои пешгирӣ ва эҳтиёту муҳофизати худ дар партави авҷи бемориҳое чун зуком, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (ОРВ) ва дигар касалиҳои ба ин монанд рӯйи кор омад.

“Тадбирҳои пешгириву эҳтиёт ба кормандони муассиса ҳам дахл доранд. Реҷаи риояи талаботи санитарӣ-гигиениро ба таври назаррас тақвият додем. Кормандони мо низ бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва дастпӯшакҳои махсус фаъолият мекунанд”, – гуфт соҳибкор.

Чунин иқдом ба мизоҷони Max Biff Burger хеле писанд омад. Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом намунаи ибрат буда, хеле хубу муассир мешуд, агар дигар муассисаҳои хӯроки умумӣ низ ба он пайравӣ мекарданд.

Max Biff Burger яке аз муассисаҳои хӯроки умумист, ки дар мавриди пешбурди тарзи ҳаёти солим дар ҳошияи авҷи бемориҳои мавсимии вирусӣ тадбирҳои муассир ва саривақтӣ ба роҳ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.