Болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ идома дорад

Қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон тайи моҳи ахир қариб 5,3% боло рафта, устувор шудани мавқеи доллар идома дорад. Бонки милии Тоҷикистон имрӯз, 16 апрел қурби долларро нисбат ба пули миллӣ 10,24 сомонӣ барои 1 доллар муқаррар кард. Ҳанӯз нимаи моҳи март қурби асъори амрикоӣ 9,70 сомониро ташкил дода, охири моҳи гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон тайи моҳи ахир қариб 5,3% боло рафта, устувор шудани мавқеи доллар идома дорад.

Бонки милии Тоҷикистон имрӯз, 16 апрел қурби долларро нисбат ба пули миллӣ 10,24 сомонӣ барои 1 доллар муқаррар кард.

Ҳанӯз нимаи моҳи март қурби асъори амрикоӣ 9,70 сомониро ташкил дода, охири моҳи гузашта аллакай ба 10,2 сомонӣ расид.

Пас аз моҳи март босуръат поинравии қурби рубл, айни замон мавқеи он устувор мешавад: қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ аз 0,128 сомонӣ (барои 1 рубл) дар нимаи моҳи март имрӯз то ба 0,136 сомонӣ боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, марказҳои бонкии мубодилаи асъор аллакай як моҳ инҷониб қариб ки умуман доллару рубл намефурӯшанд. То ин дам дарёфти асъори нақд дар ҳаҷми маҳдуд дар баъзе бонкҳо имкон дошт.

Кормандони марказҳои бонкӣ ин вазъро ба он вобаста медонанд, ки аз мизоҷон чунин асъор намегиранд.

“Мо танҳо асъореро фурӯхта метавонем, ки аз дигар мизоҷон гирифтаем. Чунин мизоҷон айни замон нестанд ва мутаносибан мо ҳам чунин асъор надорем”, – гуфт корманди яке аз чунин марказҳо.

Ӯ зикр кард, ки айни замон аз ҷониби Бонки миллӣ барои нигоҳдории бозори нақди асъор ҳеҷ гуна дахолат (интервенсия) анҷом дода намешавад.

Дар Бонки миллӣ камбуди асъорро ба афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор нисбат медиҳанд.

Ҳамчунин дар Бонки миллӣ ба таъсири вазъи кунунии ноустувори иқтисоди ҷаҳон ба иқтисоди кишвар ишора мешавад.

Гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.