Ташхиси COVID-19-и шоира Фарзона ва ҳамсараш манфист

Шоираи саршиноси тоҷик Фарзона дар бемористон қарор дорад. Ба гуфтаи наздиконаш ва табибон, ӯ ба зукоми мавсимӣ гирифтор шудааст. “Ӯ ҳар сол зукоми мавсимиро душвор паси сар мекунад, муддати тӯлонӣ хонанишинӣ карда, ҳатто овозаш ҳам мегирад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони шоира. Наздикони Фарзона умедворанд, ки шоира базудӣ сиҳат хоҳад шуд ва аллакай […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Шоираи саршиноси тоҷик Фарзона дар бемористон қарор дорад. Ба гуфтаи наздиконаш ва табибон, ӯ ба зукоми мавсимӣ гирифтор шудааст.

“Ӯ ҳар сол зукоми мавсимиро душвор паси сар мекунад, муддати тӯлонӣ хонанишинӣ карда, ҳатто овозаш ҳам мегирад”, – гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз пайвандони шоира.

Наздикони Фарзона умедворанд, ки шоира базудӣ сиҳат хоҳад шуд ва аллакай вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудист.

Ҳамсари Фарзона – шоири маъруф Озарахш низ аввали ҳафтаи гузашта ҳамроҳи ӯ дар бемористон бистарӣ шуда, ба қавли табибон, ба бемории варами роҳҳои нафаскашӣ гирифтор шудааст.

Сардухтури беморхонаи Шайх-Бурҳони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки Фарзона ва Озарахш дар он бистариянд, ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Фарзона аллакай қариб шифо ёфта, “Озарахш бемории варами роҳҳои нафас дорад ва умедворам, ки ӯ ҳам ба наздикӣ сиҳат мешавад”.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки тестҳои аз ҳамсарон барои ташхиси коронавирус гирифташуда натиҷаҳои манфӣ додаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ҳудуди 800 нафар то 20-уми апрел дар минтақаҳои карантини вилоят қарор дошта, 2 ҳазору 639 нафар аз карантин гузаштаанд ва дар ҳеҷ кадоме аз онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш ҳунармандони вилояти Суғд ба шеъри Фарзона дар бораи коронавирус оҳанг баста, онро манзури тамошобинон карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.