Ба тоҷикистониён аз маош наздики $5 млн қарздор шуданд

Маблағи умумии қарз аз музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта ба аввали моҳи марти соли равон 48 млн 536 ҳазор сомонӣ (наздики 5 млн доллар)-ро ташкил дод. Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ медиҳад, танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳаҷми қарз аз музди меҳнат ба андозаи 5,1% ё худ 2,3 млн сомонӣ афзуд. […]

Маблағи умумии қарз аз музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта ба аввали моҳи марти соли равон 48 млн 536 ҳазор сомонӣ (наздики 5 млн доллар)-ро ташкил дод.

Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ медиҳад, танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҳаҷми қарз аз музди меҳнат ба андозаи 5,1% ё худ 2,3 млн сомонӣ афзуд.

Қарзи аз ҳама бештар дар пардохти музди меҳнат дар бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок (13,8 млн сомонӣ), сохтмон (12,6 млн сомонӣ), нақлиёт ва нигаҳдории борҳо (10,5 млн сомонӣ), саноати коркард (6,1 млн сомонӣ) ва соҳаи кишоварзӣ (2,7 млн сомонӣ) боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли ҷорӣ музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1347 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби моҳи феврал ба 139 доллар баробар аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3309 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2650 сомонӣ) ва сохтмончиён (2411 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 616 сомонӣ сабт шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.

Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, оид ба нишондиҳандаҳо дар Қазоқистону Молдова ва Ӯзбекистон маълумот дастрас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.