Дар кӯҳҳои Помир 35 неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад

Date:

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дохил аст) барои бо неруи барқ таъмин кардани деҳоти ВМКБ 25,2 млн долллар грант медиҳад.

Созишномаи имзошударо байни ин Ассотсиатсия ва ширкати “Помир Энержи” рӯзи 22-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишномаи лоиҳавӣ бо барқ таъин кардани 61 деҳа дар қаламрави ВМКБ: 20 деҳа дар ноҳияи Мурғоб, 21 – дар Рӯшон, 9 – дар Ванҷ, 4 – дар Дарвоз, 3-тогӣ – дар Роштқалъаву Шуғнон ва 1 деҳа дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.

“Яке аз вижагиҳои лоиҳа дар он ифода меёбад, ки 35 деҳа дар мавзеҳои душворгузару дурдасти кӯҳӣ ҷойгир буда, ягона роҳи бо барқ таъмин кардани онҳо бунёди нерӯгоҳҳои хурд мебошад”, – гуфт вазир.

Дар доираи татбиқи лоиҳа харидорӣ ва насби панелҳои офтобӣ (дар 18 деҳа), дастгоҳҳои шамолӣ (дар 6 деҳа) ва таҷҳизот барои неругоҳҳои хурд (дар 11 деҳа) пешбинӣ шудааст.

Барои таъмини 26 деҳаи дигар сохтмон ва таъмиру навсозии наздики 240 километр хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дар ҳар кадоме аз 61 деҳа трансформаторҳои тақсимотӣ насб карда мешаванд.

“Пас аз амалисозии лоиҳаи мазкур тақрибан 12 ҳазор нафар бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд”, – илова кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...