Тоҷикистонро ба сафи 15 кишвари озод аз коронавирус дохил карданд

Зиёда аз 20 кишвар ва қаламравҳои аҳолинишин то ҳол аз сирояти коронавирус озод боқӣ мемонанд. Ин феҳристро рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел нашрияи бритониёии Daily Mail таҳия кардааст. Тавре lenta.ru хабар медиҳад, тибқи маълумоти ахир, дар 15 кишвар ва 11 қаламрави аҳолинишин ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ба ин рӯйхат кишварҳои Ҷазираҳои Комор, Кирибати, Лесото, […]

Зиёда аз 20 кишвар ва қаламравҳои аҳолинишин то ҳол аз сирояти коронавирус озод боқӣ мемонанд. Ин феҳристро рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел нашрияи бритониёии Daily Mail таҳия кардааст.

Тавре lenta.ru хабар медиҳад, тибқи маълумоти ахир, дар 15 кишвар ва 11 қаламрави аҳолинишин ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба ин рӯйхат кишварҳои Ҷазираҳои Комор, Кирибати, Лесото, Ҷазираҳои Маршалл, Штатҳои Федеративии Микронезия, Науру, Палау, Ҷазираҳои Соломон, Тоҷикистон, Тонга, Туркманистон, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ шомиланд.

Ба қаламравҳои аҳолинишин, ки алҳол дар онҳо коронавирус нест, Ҷазираҳои Питкэрн, Еленаи Муқаддас, Вознесения ва Тристан-да-Куня (Бритониёи Кабир), Самоаи Амрикоӣ (ИМА), Ҷазираҳои Уоллис ва Футуна (Фаронса), Шпитсберген (Норвегия), Ҷазираҳои Рождество ва Норфолк, Ҷазираҳои Кокосово (Австралия), Ниуэ, Токелау, Ҷазираҳои Кука (Зеландияи Нав) мансубанд.

Барои баъзе аз онҳо ҷойгиршавии дурдаст, масалан, Ҷазираҳои Комор дар соҳилҳои шарқии Африқо ё Тувалу дар уқёнуси Ором нақши ҳалкунанда доштааст.

Дар дигар кишвару қаламравҳо барои паҳншавии имконпазири коронавирус тадбирҳои зуду саривақтӣ ва қатъӣ андешида шуд. Нашрия менависад, масалан Тонга барои сайёҳон сарҳадҳояшро баста, вазъи фавқулода ва соати комендантӣ эълон кард.

Дар ҳамин ҳол, нашрия аз эҳтимол дур намедонад, ки баъзе кишварҳо метавонанд дар бораи сироят хабар надиҳанд, хусусан, кишварҳое, ки дар ҳамсоягии давлатҳои хуруҷи коронавирусро гузаронида ҷойгир мебошанд.

Ба ин тариқ, масалан Кореяи Шимолӣ исрор меварзад, ки сокинони он бемори COVID-19 нашудаанд, ҳарчанд дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 10 ҳазор ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон изҳор дошт, ки “дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.