Дар кӯҳҳои Помир 35 неругоҳи хурди барқӣ сохта мешавад

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дохил аст) барои бо неруи барқ таъмин кардани деҳоти ВМКБ 25,2 млн долллар грант медиҳад. Созишномаи имзошударо байни ин Ассотсиатсия ва ширкати “Помир Энержи” рӯзи 22-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишномаи лоиҳавӣ бо […]

Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (ба Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дохил аст) барои бо неруи барқ таъмин кардани деҳоти ВМКБ 25,2 млн долллар грант медиҳад.

Созишномаи имзошударо байни ин Ассотсиатсия ва ширкати “Помир Энержи” рӯзи 22-юми апрел палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ кард.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода қайд кард, ки дар созишномаи лоиҳавӣ бо барқ таъин кардани 61 деҳа дар қаламрави ВМКБ: 20 деҳа дар ноҳияи Мурғоб, 21 – дар Рӯшон, 9 – дар Ванҷ, 4 – дар Дарвоз, 3-тогӣ – дар Роштқалъаву Шуғнон ва 1 деҳа дар ноҳияи Ишкошим пешбинӣ шудааст.

“Яке аз вижагиҳои лоиҳа дар он ифода меёбад, ки 35 деҳа дар мавзеҳои душворгузару дурдасти кӯҳӣ ҷойгир буда, ягона роҳи бо барқ таъмин кардани онҳо бунёди нерӯгоҳҳои хурд мебошад”, – гуфт вазир.

Дар доираи татбиқи лоиҳа харидорӣ ва насби панелҳои офтобӣ (дар 18 деҳа), дастгоҳҳои шамолӣ (дар 6 деҳа) ва таҷҳизот барои неругоҳҳои хурд (дар 11 деҳа) пешбинӣ шудааст.

Барои таъмини 26 деҳаи дигар сохтмон ва таъмиру навсозии наздики 240 километр хатҳои интиқоли барқ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дар ҳар кадоме аз 61 деҳа трансформаторҳои тақсимотӣ насб карда мешаванд.

“Пас аз амалисозии лоиҳаи мазкур тақрибан 12 ҳазор нафар бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд”, – илова кард вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.