“То ки ба ҳама расад”. Фурӯши маҳдуди маҳсулот

Нархҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон гарон шуд. Ба ҳисоби миёна – ду баробар. Масалан, нархи картошка хеле боло рафт: як моҳ пеш дар Душанбе он ба ҳисоби миёна 4 сомонӣ арзиш дошт, аммо ҳозир 1 килои он аз 6 то 9 сомонӣ фурӯхта мешавад. Картошкаи нисбатан арзонро дар ярмаркаҳои назди бозорҳо ёфтан мумкин […]

Абдуллох Ғурбатӣ, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Нархҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон гарон шуд. Ба ҳисоби миёна – ду баробар. Масалан, нархи картошка хеле боло рафт: як моҳ пеш дар Душанбе он ба ҳисоби миёна 4 сомонӣ арзиш дошт, аммо ҳозир 1 килои он аз 6 то 9 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Картошкаи нисбатан арзонро дар ярмаркаҳои назди бозорҳо ёфтан мумкин аст, лекин дар ин ҷо онро ба миқдори маҳдуд мефурӯшанд.

“Ба миқдори маҳдуд (лимит) мефурӯшем – ба як кас 5 кило, – мегӯяд фурӯшандае, ки субҳ 2 тонна картошкаи ҳосили навро аз ноҳияи Панҷ овардааст. – Ин барои он аст, ки ба ҳама расад”.

Чаро маҳсулот якбора то ин андоза қимат шуд? Мардум имкону тавон доранд, ки маҳсулоти ғизоиро бо ин нархҳо бихаранд? Онҳо чӣ мегӯянд?

Дар Тоҷикистон давраи камбуди картошка фаро расид. Картошкаи соли гузашта сарф шуда, ҳосили нав ҳоло нарасидааст. Азбаски сарҳад бастааст, воридоти картошка аз кишварҳои хориҷӣ тамоман қатъ шудааст ё ба миқдори хеле кам сурат мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.