Ҳамкории Бонкҳои рушди кишварҳои СҲШ дар муқовимат ба оқибатҳои коронавирус

Бонкҳои рушди кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ояндаи наздик “харитаи роҳ”-и муштарак оид ба раҳоӣ аз буҳрони марбут ба коронавируси навро таҳия мекунанд. Дар ин бора рӯзи 23-юми апрел зимни ифтитоҳи кори конфронси Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, ки бори аввал дар таърих ба таври фосилавӣ доир гардид, роҳбари корпоратсияи давлатии Русия “ВЭБ.РФ” Игор Шувалов хабар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонкҳои рушди кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ояндаи наздик “харитаи роҳ”-и муштарак оид ба раҳоӣ аз буҳрони марбут ба коронавируси навро таҳия мекунанд. Дар ин бора рӯзи 23-юми апрел зимни ифтитоҳи кори конфронси Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, ки бори аввал дар таърих ба таври фосилавӣ доир гардид, роҳбари корпоратсияи давлатии Русия “ВЭБ.РФ” Игор Шувалов хабар додааст.

Тоҷикистонро дар ин конфронс раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ намояндагӣ мекунад.

Шувалов қайд кардааст, ки дар доираи СҲШ “мо бояд мудом рӯҳияи Шанхайро дар хотир дошта бошем: боз кардани сарҳадҳо, рушди муштараки иқтисоди давлатҳо, таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон”.

Бар назари ӯ, кумак ба ҳукуматҳои миллӣ барои ба ҳадди камтарин овардани оқибатҳои буҳрон вазифаи бонкҳои рушд аст. Вай таъкид кардааст, ки “нақшаҳои зиддибуҳронии кишварҳои узви СҲШ бештар бо такя ба бонкҳои рушд таҳия мешаванд”.

“Бо назардошти таҷрибаи гузаштаам гуфтаниям, ки мо бояд ба стратегияи ҳарчи зудтар боз кардани иқтисод ва сарҳадот барои савдо ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунем”, – илова кардааст Шувалов.

Раиси “Амонатбонк” дар суханронии худ зикр кардааст, ки дар вазъи кунунии начандон қаноатбахши иқтисодӣ масъалаҳои аз ҷониби Шувалов матраҳшуда, аз қабили маблағгузории лоиҳавӣ ва тиҷорат бо пулҳои миллӣ хеле муҳим мебошад.

Кори конфронс имрӯз, 24-уми апрел ба итмом мерасад.

Иттиҳодияи байнибонкӣ дар доираи СҲШ 26-уми октябри соли 2005 таъсис шудааст. Маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди ҳамкории мутақобила бо сохторҳои ваколатдори ниҳодҳои молиявии кишварҳои нозир ва шарикон оид ба муколамаи СҲШ, роҳандозии ҳамкорӣ бо сохторҳои пешрафтаи иқтисодӣ, ки дар паҳнои СҲШ амал мекунанд (Шӯрои кории СҲШ, Бонки авруосиёии рушд), табодули таҷриба ва ҳамкорӣ дар омодасозии кадрҳо аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳодия дониста мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.