Хайринисо Юсуфӣ бо духтараш дар беморхонаи сироятии Душанбе бистарӣ шуданд

Date:

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар бемористони сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд. Натиҷаи ташхиси онҳо ҳанӯз маълум нест.

Бино ба иттилои як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” дар ин беморхона, вазъи Хайринисо Юсуфии 56-сола айни замон муътадил арзёбӣ мешавад.

“Ҳар дуи онҳо зери назорати табибон қарор доранд”, – қайд кард манбаъ.

Як манбаъи дигар ба “Азия-Плюс” маълумот дод, ки дар ин беморхона ду минтақа вуҷуд дорад: “сабз” ва “сурх”.

“Беморони ҳолаташон вазнинро дар минтақаи “сурх” ва шахсони ҳолаташон муътадилро дар минтақаи “сабз” бистарӣ мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин маълум нест, ки Хайринисо Юсуфӣ ва духтараш дар кадоме аз ин минтақаҳо бистарӣ шудаанд.

Дар бораи бистарӣ шудани ӯ чанде пеш расонаҳои дигар ҳам хабар дода буданд.

Радиои Озодӣ ба истинод ба Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми апрел хабар дода буд, ки вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд.

Тамос бо хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд: дар он ҷо касе гӯширо намебардорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 24-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Хайринисо Юсуфӣ то моҳи марти соли ҷорӣ ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт. Айни замон ӯ муовини раиси ҲХДТ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...