Дархости интиқоли Далер Шарифов аз боздоштгоҳи тафтишотӣ ба дармонгоҳ

Вазъи саломатии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов дар боздоштгоҳи тафтишотӣ бад шудааст. Волидайнаш аз мақомоти дахлдор хоҳиш доранд, ки фарзандашонро барои муолиҷа ба беморхона интиқол бидиҳанд. Абдуманнон Шарифов – падари Далер ба “Азия-Плюс” гуфт: “Дирӯз бо писарам дидорбинӣ доштем. Ӯ аз хуруҷи беморияш шикоят кард. Мо бо хоҳиши Далер ба мақомоти дахлдор мактуб менависем, ки ӯ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазъи саломатии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов дар боздоштгоҳи тафтишотӣ бад шудааст. Волидайнаш аз мақомоти дахлдор хоҳиш доранд, ки фарзандашонро барои муолиҷа ба беморхона интиқол бидиҳанд.

Абдуманнон Шарифов – падари Далер ба “Азия-Плюс” гуфт: “Дирӯз бо писарам дидорбинӣ доштем. Ӯ аз хуруҷи беморияш шикоят кард. Мо бо хоҳиши Далер ба мақомоти дахлдор мактуб менависем, ки ӯ ба табобат эҳтиёҷ дорад. Ақаллан, як моҳ ӯ бояд зери назорати табибон дар беморхона бошад ва муолиҷа шавад. Бемории қалбаш хуруҷ кардааст. Далер гуфт, ки чанд рӯз боз нафасаш мегирад ва дилаш дард мекунад. Ҳар маротибае чунин ҳолатҳо дар ӯ пайдо мешуд, дар беморхона табобат мегирифт. Мо ҳоло бо мактуб ба сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат мекунем. Ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди мактуби дигар ба Вазорати адлия дар бораи бемории Далер маълумот дода, хоҳиш кардем, ки ӯ дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта шавад”.

Номбурда илова кард, ки аҳли оилаи онҳо омодаанд, баъд аз интиқоли Далер ба беморхона тамоми хароҷоти табобати ӯро ба уҳдаи худ бигиранд.

“Мо тамоми хароҷоти муолиҷаи писарамонро дар беморхона ба уҳда мегирем. Тамоми кӯшишҳои худро барои табобат ва сиҳат шудани фарзандамон равона мекунем. Умед дорем, ки муроҷиати мо сарфи назар намешавад ва барои бистарӣ кардани Далер дар беморхона иҷозат медиҳанд”, – гуфт Абдуманнон Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 16-уми апрел Далер Шарифовро ба муҳлати 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Адвокати ӯ – Абдураҳмон Шарифов ба рӯзноманигорон гуфт, ки зерҳимояаш дар сухани ниҳоии худ айбномаро мутобиқи моддаи 189 КҶ ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эътироф накард.

“Ӯ изҳор дошт, ки аз рӯйи ин модда худро гунаҳкор намешуморад, лекин иқрор шуд, ки дар китобаш ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро барои таҳияи китоб маҳкум карданд”, – афзуд адвокат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.