Хароҷоти иртиботи худро дар утоқи инфиродии Tcell назорат кунед

Дар сомонаи расмии ширкати Tcell утоқи инфиродӣ фаъолият дорад. Дар утоқи инфиродӣ, шумо мустақилона хароҷоти худро назорат карда, тафсилот (детализатсия)-ро фармоиш дода, хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ, бе тамос ба маркази хизматрасонӣ идора карда метавонед.  Утоқи инфиродӣ дастрасӣ ба маълумоти шахсии муштариёнро таъмин мекунад: тарофаи ҷорӣ, хидматрасониҳои пайвастшуда, вазъи тавозун ва тафсилот. Дар ин ҷо […]

Дар сомонаи расмии ширкати Tcell утоқи инфиродӣ фаъолият дорад. Дар утоқи инфиродӣ, шумо мустақилона хароҷоти худро назорат карда, тафсилот (детализатсия)-ро фармоиш дода, хизматрасониҳои Tcell-ро дар реҷаи воқеъӣ, бе тамос ба маркази хизматрасонӣ идора карда метавонед.

 Утоқи инфиродӣ дастрасӣ ба маълумоти шахсии муштариёнро таъмин мекунад: тарофаи ҷорӣ, хидматрасониҳои пайвастшуда, вазъи тавозун ва тафсилот. Дар ин ҷо ҳама чиро шумо бо ҷузҳояш дида ва назорат карда метавонед, тавозун бештар дар кадом бахш сарф мешавад, кадом хизматрасониро бояд қатъ кард ва аз кадоме истифода бояд бурд.

Истифодаи утоқи инфиродӣ мисли ҳамаи трафик дар сомонаи расмии Tcell комилан ройгон аст! Хуш омадед: https://www.tcell.tj/

Шаффофият ва ҳадди аққали боз будан – яке аз усулҳои аслии фаъолияти Tcell маҳсуб меёбад. Бо кӯмаки утоқи инфиродӣ ҳар як муштарӣ назорат ва идораи “ҳаёти мобилӣ”-и худро дарёфт менамояд. 

Ба ғайр аз ин, утоқи инфиродӣ истифодаи алоқаи мобилиро барои муштариён чанд маротиба осон карда, вақти онҳоро сарфа менамояд. Дар утоқи инфиродӣ шумо метавонед фавран маълумоти шахсиатонро бидуни берун рафтан аз хона пайдо намоед. Ин замима (барнома) барои муштарӣ метавонад як қатор хидматрасониҳои машваратиро, ба монанди хадамоти иттилоотӣ (7070) ва машваратҳо дар марказҳои хизматрасонӣ иваз намояд.

___________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.