Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар муқовимат бо коронавирус

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод. Тавре Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар Twitter-и худ дар […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Тавре Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар Twitter-и худ дар ин робита навиштааст, ки бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳо бар зидди коронавирус, инчунин масоили тиҷорату транзит баррасӣ шуданд.

“Дар аввалин суҳбати видеоӣ мо бо Сироҷиддин Муҳриддин масоили таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои амният, дастгирии сулҳу созиш дар Афғонистон, ҳамкорӣ зидди COVID-19, савдо ва транзитро баррасӣ кардем. Ба шарикӣ бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем”, – навиштааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.