Мораторияи пардохти қарзҳои як қатор кишварҳо бо шумули Тоҷикистон аз 1 май амал мекунад

Дар ҳошияи пандемияи коронавирус, моратория ба хизматрасонии қарзҳои як қатор кишварҳо назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз 1-уми май мавриди амал қарор мегирад. Тавре ВАО хабар медиҳанд, мудири иҷроияи ХБА Кристалина Георгиева ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки мораторияҳо ба созишномаҳои қарзии расмии дуҷониба… мавриди таҳия қарор дошта, “интизор дорем, ки он аз 1-уми май амал хоҳад […]

Дар ҳошияи пандемияи коронавирус, моратория ба хизматрасонии қарзҳои як қатор кишварҳо назди Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз 1-уми май мавриди амал қарор мегирад.

Тавре ВАО хабар медиҳанд, мудири иҷроияи ХБА Кристалина Георгиева ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки мораторияҳо ба созишномаҳои қарзии расмии дуҷониба… мавриди таҳия қарор дошта, “интизор дорем, ки он аз 1-уми май амал хоҳад кард”. Ӯ дар ин бора зимни брифинги онлайнии “Шӯрои атлантикӣ” изҳор доштааст .

Қаблан ХБА доир ба тасдиқи таъҷилан сабуксозии сарбории қарзи 25 кишвари камбизоат ва осебпазири узви Хазина, аз ҷумла,Тоҷикистон хабар дода буд.

Зикр гардида буд, ки дар ин қарор пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои аз ҳама камбизоат ва бештар осебпазири узви ХБА барои пӯшонидани уҳдадориҳои қарзии онҳо дар назди Хазина пешбинӣ шуда, маблағи умумии он наздики 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Сабуксозии сарбории пардохти қарз ба ҷуз Тоҷикистон, ба кишварҳои зерин низ пешниҳод гардида буд: Афғонистон, Бенин, Буркина-Фасо, Гаити, Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Ҷазираҳои Комор, Яман, Ҷумҳурии Демократии Конго, Либерия, Мадагаскар, Малави, Мали, Мозамбик, Непал, Нигер, Руанда, Сан-Томе ва Принсипи, Ҷазираҳои Соломон, Серра-Леоне, Того, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Чад.

Қобили зикр аст, ки бақияи қарзи Тоҷикистон ба аввали соли равон андаке бештар аз 30 млн доллар (аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Бонки миллӣ ҷалбшуда)-ро ташкил медиҳад.

Ба сурати умум, ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн доллар аст, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.