Шахсони аз Душанбе ба ВМКБ омадаро ба ҷудо нигаҳдории худ уҳдадор мекунанд

Як ҳафта инҷониб дар даромадгоҳи ВМКБ шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд: таби онҳоро санҷида, ба ҷудо нигаҳдории худ муддати 14 рӯз уҳдадор мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, бо ин шахсон ҳамчунин дар бораи тадбирҳои пешгирии сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. “Ҳарорати бадани шаҳрвандоне, ки аз пойтахт ба вилоят меоянд, санҷида […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як ҳафта инҷониб дар даромадгоҳи ВМКБ шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд: таби онҳоро санҷида, ба ҷудо нигаҳдории худ муддати 14 рӯз уҳдадор мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, бо ин шахсон ҳамчунин дар бораи тадбирҳои пешгирии сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

“Ҳарорати бадани шаҳрвандоне, ки аз пойтахт ба вилоят меоянд, санҷида шуда, онҳоро ба ҷудо нигаҳдории худ (худинзиво) ба муҳлати 14 рӯз вазифадор мекунанд ва агар пас аз анҷоми муҳлат аломатҳои беморӣ ошкор нашаванд, онҳо метавонанд ба кор бароянд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузур дошта бошанд”, – хабар доданд аз ҳукумати вилоят.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар шаҳрвандони аз Душанбе омада таби баланд ё дигар аломатҳои беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар Тоҷикистон то имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда, ин тадбирҳои пешгирӣ ба хотири таъмини солимӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, – қайд карданд дар ҳукумати вилоят.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди расман дар кишвар ба қайд гирифта нашудани сирояти коронавирус, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тадбирҳои пешгирии сироятёбии аҳолӣ пурзӯр шуда, корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст