Дафтари кории “Халиқ бонк” дар Душанбе ба бинои нав кӯчид

Дафтари кории филиали ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” дар Душанбе барои беҳтар кардани шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон ба бинои нави васеъу барҳаво кӯчид. Дафтари кории нави бонк акнун бо суроғаи Айнӣ, 42 дар наздикии маркази савдои “Садбарг”, рӯ ба рӯи идораи UNDP ҷойгир аст. Дафтари кории нави бонк 2-ошёна буда, дар ошёнаи якум барои муштариён дастрасии […]

Дафтари кории филиали ҶСП “Халиқ бонк Тоҷикистон” дар Душанбе барои беҳтар кардани шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон ба бинои нави васеъу барҳаво кӯчид. Дафтари кории нави бонк акнун бо суроғаи Айнӣ, 42 дар наздикии маркази савдои “Садбарг”, рӯ ба рӯи идораи UNDP ҷойгир аст.

Дафтари кории нави бонк 2-ошёна буда, дар ошёнаи якум барои муштариён дастрасии озодона ба хизматрасониҳои хушсифати бонкӣ, аз қабили пешниҳоди кортҳои пардохтиву қарзҳо, кушодани суратҳисобу амонатгузорӣ ва ғайра таъмин шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино якчанд раёсат ва воҳидҳои маъмурияти филиали бонк амал карда, чунин тарзи ҷойгиршавӣ имкон медиҳад, ки робита мутақобилаи онҳо саривақт таъмин ва масъалаҳо дар муҳлати ҳарчи удтар ҳаллу фасл шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин дафтари кории бонк имконоти шахсони маъюб низ ба инобат гирифта шуда, барои онҳо роҳравҳои махсус дар зинапояҳо ва хазина (касса)-и нисбатан пасттар муҷаҳҳаз шудааст.

“Майдони корие, ки мо дар фаъолиятамон истифода мекунем, хеле васеъ шуд. Дар бинои пешина муштариён зимни муроҷиат ба шуъбаҳои кортҳои бонкӣ ва эквайринг, инчунин хазинаҳо ба душвориҳо дучор мешуданд”, – қайд карданд дар бонк.

Ҳамчунин мебояд гуфт, барои муштариён бевосита дар наздикии бинои филиали бонк таваққуфгоҳи қулай барои мошинҳо низ ҷойгир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.