Фаъолони Суғд: “Хомӯшӣ ихтиёр кардан дар масъалаи коронавирус нодуруст аст”

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолон тасмим гирифтанд, ки барои харидории сарулибоси тиббии муҳофизатӣ ба табибон, ки ба муолиҷаи беморон дар муассисаҳо машғуланд, маблағ ҷамъоварӣ кунанд. Яке аз фаъолон, ташаббускори ин иқдом Зебуннисо Солиева ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки бо мушоҳидаи вазъи душвори кори табибон худро канор гирифта натавонист. Ба гуфтаи ӯ, ба […]

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фаъолон тасмим гирифтанд, ки барои харидории сарулибоси тиббии муҳофизатӣ ба табибон, ки ба муолиҷаи беморон дар муассисаҳо машғуланд, маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Яке аз фаъолон, ташаббускори ин иқдом Зебуннисо Солиева ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки бо мушоҳидаи вазъи душвори кори табибон худро канор гирифта натавонист.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин даъват натанҳо сокинони Тоҷикистон, балки аз Русия ва ИМА низ ҳамовозӣ карданд.

“Наворҳои видеоиеро аз Эрон дидам, ки табибон бе либоси муҳофизатӣ мондаву фавтиданд. Намехоҳам, ки дар Тоҷикистон низ чунин ҳолатҳо ба амал оянд”, – изҳор дошт Зебуннисо.

Номбурда мутамин аст, ки ҳукумат набояд дар ин масъала хомӯшӣ ихтиёр кунад:

“Ба ақидаи ман, эътироф накардани вуҷуд доштани коронавирус дар мо нодуруст аст. Вазъ дар беморхонаҳои Хуҷанду Душанбе гувоҳи он аст, ки дар мо Covid-19 вуҷуд дорад. Байни одамон ҳамаи аломатҳои ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҳукуматдорон даъват мекунам, ки аз Чину Русия ё Кореяи Ҷанубӣ мутахассисонро бо низоми хушсифати тестӣ даъват кунанд”.

Ба ақидаи Зебуннисо Солиева, агар Тоҷикистон ба мисли Ӯзбекистон саривақт карантин ҷорӣ карда, аз тест гузаштани одамонро босифат анҷом медод, “шояд дар муддати 1,5 моҳ онро паси сар мекардем”.

“Тавре маълум аст, Тошканд аллакай аз 10-уми май бо талафоти ҳадди камтарин карантинро бекор мекунад”, – қайд кард ӯ.

Кумаки бидуни ифшои ному насаб ва суроға

Ба қавли Зебуннисо, ҳанӯз аз аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ аз сокинони кишвар даъват мекард, ки ба чорабиниҳои оммавӣ, тӯйҳову дигар макони сериздиҳом нараванд.

“Пас аз даъватҳоям дар хавотир будам, ки бо даъвоҳо ба наздам меоянд, лекин Худоро шукр, касе наомад. Аз ҳамватанон даъват мекунам, ки дар чунин шароит худро канор нагирифта, бидуни ҳарос мавқеи худро изҳор доранд ва аз ҳуқуқи худ ҳимоя кунанд”, – афзуд ӯ.

Зебуннисо Солиева қайд кард, ки онҳо ному насаби табибон ё беморхонаҳоро ифшо намекунанд.

Табибон ҳам бе ҳарос доир ба эҳтиёҷоти худ маълумот доданд. Бархе аз одамон пулу имконот доранд. Магар беҳтар нест, ки ҳама мушкилотро ошкоро бигӯему ҳамроҳ пайи ҳалли онҳо шавем”, – мегӯяд ӯ.

“Ҳамаи кумак бидуни ифшои аз киҳо ва аз куҷо расидани он сурат мепазирад. Ният надорем, касеро танқид кунем, ки ин ё он чизе намерасад. Мо ҷомеа ва халқи ягона буда, дар соати душвор бояд ба ҳамдигар кумак кунем. Кӣ медонад, шояд имрӯз ё фардо яке аз мо ҳам дар ин беморхонаҳо бистарӣ мешавем. Ҳама – ҳукумату табибон ва рӯзноманигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд муттаҳид шаванд, то ки ин ваборо мағлуб кунем”, – афзуд Зебуннисо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.