Духтари Озарахшу Фарзона аз шифо ёфтани падараш хушхабар расонд

Наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик ва сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” Озарахш (Толиб Карим) мегӯянд, ӯ шифо ёфта, пас аз анҷоми карантин ба хона бармегардад. Дар ин хусус Радиои Озодӣ хабар медиҳад. "Ин хабари хушро расонед, падарам шифо ёфтанд", – гуфтааст Шоҳона, фарзанди калонии Озарахшу Фарзона рӯзи 28-уми апрел ба радио. Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки модараш, […]

Наздикону пайвандони шоири маъруфи тоҷик ва сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” Озарахш (Толиб Карим) мегӯянд, ӯ шифо ёфта, пас аз анҷоми карантин ба хона бармегардад. Дар ин хусус Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

"Ин хабари хушро расонед, падарам шифо ёфтанд", – гуфтааст Шоҳона, фарзанди калонии Озарахшу Фарзона рӯзи 28-уми апрел ба радио.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки модараш, шоираи саршиноси тоҷик Фарзона бемор нест ва барои нигоҳубини падараш дар беморхона меистод.

“29-уми апрел  аз замони дар бемористон будани онҳо 14 рӯз мегузарад. Умед дорем, ки онҳоро ба хона ҷавоб медиҳанд", – гуфтааст ӯ.

Озарахшу ҳамсараш – Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона 15-уми апрел барои муоина ва табобат дар беморхонаи ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд. Ташхиси табибон нишон дод, ки Озарахш ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудааст.

Озарахши 57-сола аз соли 2015 сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” мебошад. Соли гузашта ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Маҷмӯаҳои ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир», «Девони Ишқ», «Ватаннома» ва боз чанде аз дигар китобҳо ба қалами Озарахш тааллуқ доранд.

Фарзона 56-сола буда, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 1996 бо унвони Шоираи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Муаллифи бисёр маҷмӯаҳои ашъор аст, ки дар байнашон «Тулӯи хандарез», «Ояти ишқ», «Қатрае аз Мӯлиён», «Сӯзи нотамом»-ро метавон ном бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.