Табибони Тоҷикистон барои мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус иловапулӣ мегиранд

Кормандони тиббии Тоҷикистон, ки дар тадбирҳои пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, ба ғайр аз музди меҳнат, иловапулӣ мегиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик дар ин хусус санади дахлдор қабул мекунад. Айни замон, ба гуфтаи манбаъ, сохторҳои дахлдор ҳаҷми […]

Asia-Plus

Кормандони тиббии Тоҷикистон, ки дар тадбирҳои пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, ба ғайр аз музди меҳнат, иловапулӣ мегиранд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик дар ин хусус санади дахлдор қабул мекунад.

Айни замон, ба гуфтаи манбаъ, сохторҳои дахлдор ҳаҷми иловапулиро бо назардошти имконоти мавҷудаи буҷет муайян карда истодаанд.

“Эҳтимол ба табибон иловапулии баробар ба музди меҳнаташон дода мешавад”, – таъкид дошт ӯ.

Қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” изҳор дошта буд, ки барои кормандони тиб аз ҳисоби буҷети давлатӣ маоши иловагӣ ҷудо карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироят аз коронавирус сабт нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?