Дучанд баландшавии суръати интернети мобилии МегаФон Тоҷикистон дар Хоруғ

Дар шаҳри Хоруғ пойгоҳҳои нави базавии 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор дароварда шуданд. Ин иқдом имкон дод, ки суръати интернети мобилии барои ҳамаи сокинони шаҳр дастрас зиёда аз ду маротиба афзоиш дода шавад. МегаФон Тоҷикистон ҳудуди амали интернети баландсуръатро пайваста васеъ менамояд. Диққати махсусро оператор ба ҳудудҳое зоҳир менамояд, ки дур аз пойтахт […]

Иттилоияи расмӣ

Дар шаҳри Хоруғ пойгоҳҳои нави базавии 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор дароварда шуданд. Ин иқдом имкон дод, ки суръати интернети мобилии барои ҳамаи сокинони шаҳр дастрас зиёда аз ду маротиба афзоиш дода шавад.

МегаФон Тоҷикистон ҳудуди амали интернети баландсуръатро пайваста васеъ менамояд. Диққати махсусро оператор ба ҳудудҳое зоҳир менамояд, ки дур аз пойтахт ва шаҳрҳои бузург қарор гирифтаанд. Пешниҳоди имкониятҳои баробар ба муштариён новобаста аз макони зиндагонии онҳо махсусан айни замон, вақте ҷаҳон тадриҷан ҳамаҷониба рақамӣ мешавад, махсусан муҳим аст. 

“Новобаста аз релефи мураккаби кӯҳии ВМКБ муҳандисони мо ҳаррӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳамаи сокинони минтақаро бо алоқаи босифату боэътимод таъмин намоянд. Бо инкишофи шабака муштариён имкон пайдо менамоянд, ки интернети босуръатро дар самти донишандӯзӣ, дар кору фаъолият ва муошират бо наздикон ба кор баранд”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ.   

*Мувофиқи маълумоти Ookla аз рӯйи семоҳаи 2-3 соли 2019 (таҳиякунандаи хизматрасонии Speedtest) МегаФон Тоҷикистон мизоҷони худро бо интернети аз ҳама баландсуръат дар кишвар таъмин менамояд. Тадқиқот ҳарсола дар тамоми олам гузаронида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.